Ба Тоҷикистон зукоми хук таҳдид намекунад

            Душанбе. 27-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – «Пайдоиши зукоми хук дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур аст, зеро ба ҷумҳурӣ аз Мексика гӯшти хук ворид намегардад», – мегӯяд сардухтури давлатии санитарии ҶТ, муовини вазири тандурустии кишвар Аъзам Мирзоев.             Ба гуфтаи А.Мирзоев, чун аксари аҳолии кишвар мусулмононанду гӯшти хукро истеъмол намекунанд, ба Тоҷикистон воридоти ин навъи […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 27-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – «Пайдоиши зукоми хук дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур аст, зеро ба ҷумҳурӣ аз Мексика гӯшти хук ворид намегардад», – мегӯяд сардухтури давлатии санитарии ҶТ, муовини вазири тандурустии кишвар Аъзам Мирзоев.





           

Ба гуфтаи А.Мирзоев, чун аксари аҳолии кишвар мусулмононанду гӯшти хукро истеъмол намекунанд, ба Тоҷикистон воридоти ин навъи гӯшт ва он ҳам аз мамлакати хеле дуре аз мо чун Мексика қариб ки умуман ба назар намерасад. «Аммо агар шахси гирифтори чунин беморӣ ба Тоҷикистон ворид гардад, эҳтимолияти гирифтории дигар шаҳрвандон ба он имконпазир аст, вале чунин вазъ аз воқеият хеле дур аст», – изҳор дошт ӯ.




           

А.Мирзоев қайд кард, ки ҳамаи хадамоти хизматрасонии фурудгоҳҳову истгоҳҳои роҳи оҳан аз нишонаҳои зуҳури ин беморӣ огаҳ карда шуда, дар сурати мушоҳидаи аломатҳои беморӣ, мусофир мавриди муоинаи табибон қарор хоҳад гирифт. «Чорабиниҳои мазкур дар доираи барномаи мубориза бо бемории зукоми мурғ доир мегарданд», – гуфт ӯ.




           

Аз Хадамоти гумруки кишвар хабар доданд, ки ба Тоҷикистон аз Мексика ва ИМА гӯшти хук ворид намегардад ва аз оғози сол ҳодисаи воридоти ғайриқонунии гӯшт, аз ҷумла гӯшти хук аз ин кишварҳо ба қайд гирифта нашудааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.