АНМН ҷашни 10-умин солгарди таъсисёбиашро бо баргузории конфронси байнулмилалӣ таҷлил мекунад

            Душанбе. 27-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ба таҷлили ҷашни 10-умин солгарди таъсисёбиаш, ки 1-уми июн баргузор мегардад, омодагӣ мегирад.             Чӣ тавре ки сардори ситоди агентӣ Фахриддин Ҷонмаҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар пешорӯи ҷашн, рӯзи 29-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе конфронси байнулмилалӣ доир […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 27-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ба таҷлили ҷашни 10-умин солгарди таъсисёбиаш, ки 1-уми июн баргузор мегардад, омодагӣ мегирад.





           

Чӣ тавре ки сардори ситоди агентӣ Фахриддин Ҷонмаҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар пешорӯи ҷашн, рӯзи 29-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе конфронси байнулмилалӣ доир мегардад, ки барои иштирок дар кори он коршиносони Маркази минтақавии иттилоотиву ҳамоҳангсозии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо маводи мухаддир (марказаш дар шаҳри Алмаато), намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои дигар, созмонҳои байнулмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон даъват карда шудаанд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, ба ин муносибат ҳамчунин доир сохтани ҷамъомади тантанавӣ ба нақша гирифта шуда, дар он собиқадорони соҳа ва кормандони пешқадаму фаъоли агентӣ бо ифтихорномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ қадронӣ карда хоҳанд шуд. «Ба ифтихори ҷашн ба табъ расидани маҷаллаи ҷашнӣ дар бораи фаъолияти Агентӣ пешбинӣ шудааст», – афзуд Ф.Ҷонмаҳмадов


 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.