«Барқи тоҷик»: Масъалаи пардохти қарз ба нерӯгоҳи Сангтӯда-1 мавриди ҳаллу фасл қарор дорад

Date:



           

Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон сардори раёсати банақшагирии ширкати «Барқи тоҷик» Сӯҳроб Раҳимов изҳор дошт, ки масъалаи пардохти қарзи ширкат ба нерӯгоҳи Сангтӯда-1 дар ҳоли ҳаллу фасл қарор дорад.





           

Ба гуфтаи ӯ, гап сари он аст, ки маълумот оид ба ҳаҷми маблағи қарз дар ҳарду ҷониб як хел нест. «Тибқи маълумоти мо, қарз 30 млн. сомонӣ, вале аз нерӯгоҳ маълумот пешниҳод карданд, ки он 50 млн. сомонӣ аст», – гуфт ӯ.




           

С.Раҳимов мегӯяд, гуногун будани маълумот оид ба ҳаҷми қарз дар натиҷаи он пайдо шудааст, ки нерӯгоҳ мустақилона ва бидуни мувофиқасозӣ бо ширкат аз 1-уми январи соли ҷорӣ тарофаҳои нави истифодаи нерӯи барқро ҷорӣ сохтааст, ки он ба 3,1 сент барои 1 кВт/соат баробар аст. «Аз оғози соли ҷорӣ то имрӯз ширкати «Барқи тоҷик» ба суратҳисоби нерӯгоҳ беш аз 38 млн. сомонӣ маблағ гузаронид», – афзуд ӯ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...