«Барқи тоҷик»: Масъалаи пардохти қарз ба нерӯгоҳи Сангтӯда-1 мавриди ҳаллу фасл қарор дорад

            Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон сардори раёсати банақшагирии ширкати «Барқи тоҷик» Сӯҳроб Раҳимов изҳор дошт, ки масъалаи пардохти қарзи ширкат ба нерӯгоҳи Сангтӯда-1 дар ҳоли ҳаллу фасл қарор дорад.             Ба гуфтаи ӯ, гап сари он аст, ки маълумот оид ба ҳаҷми маблағи қарз дар ҳарду ҷониб як хел […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон сардори раёсати банақшагирии ширкати «Барқи тоҷик» Сӯҳроб Раҳимов изҳор дошт, ки масъалаи пардохти қарзи ширкат ба нерӯгоҳи Сангтӯда-1 дар ҳоли ҳаллу фасл қарор дорад.





           

Ба гуфтаи ӯ, гап сари он аст, ки маълумот оид ба ҳаҷми маблағи қарз дар ҳарду ҷониб як хел нест. «Тибқи маълумоти мо, қарз 30 млн. сомонӣ, вале аз нерӯгоҳ маълумот пешниҳод карданд, ки он 50 млн. сомонӣ аст», – гуфт ӯ.




           

С.Раҳимов мегӯяд, гуногун будани маълумот оид ба ҳаҷми қарз дар натиҷаи он пайдо шудааст, ки нерӯгоҳ мустақилона ва бидуни мувофиқасозӣ бо ширкат аз 1-уми январи соли ҷорӣ тарофаҳои нави истифодаи нерӯи барқро ҷорӣ сохтааст, ки он ба 3,1 сент барои 1 кВт/соат баробар аст. «Аз оғози соли ҷорӣ то имрӯз ширкати «Барқи тоҷик» ба суратҳисоби нерӯгоҳ беш аз 38 млн. сомонӣ маблағ гузаронид», – афзуд ӯ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.