Дар Душанбе конфронси ҷумҳуриявии «Иштироки толибилмон дар идоракунии донишгоҳ» ба кор шурӯъ кард

Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз бо ташаббус ва сарпарастии Вазорати маорифи ҶТ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва бо дастгирии Барномаи «Мусоидат ба таҳсилоти олӣ»-и Институти «Ҷамъияти Кушода» – Тоҷикистон дар Душанбе конфронси ҷумҳуриявии «Иштироки толибилмон дар идоракунии донишгоҳ» баргузор мегардад. Конфронс ба толибилмони мактабҳои олии Тоҷикистон имкон медиҳад малакаи худро […]

root

Душанбе. 28-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз бо ташаббус ва сарпарастии Вазорати маорифи ҶТ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва бо дастгирии Барномаи «Мусоидат ба таҳсилоти олӣ»-и Институти «Ҷамъияти Кушода» – Тоҷикистон дар Душанбе конфронси ҷумҳуриявии «Иштироки

толибилмон

дар идоракунии донишгоҳ» баргузор мегардад.





Конфронс ба

толибилмони



мактабҳои олии Тоҷикистон имкон медиҳад малакаи худро дар кори илмию тадқиқотӣ

 

дар соҳаи идоракунии соҳаи маориф инкишоф диҳанд.






            

Чӣ тавре ки ҳамоҳангсози барномаи «Мусоидат ба таҳсилоти олӣ» Зарина Қодирова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар конфронс 20 маърўзаи донишҷўён аз вилоятҳои Суғд ва Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе, ки дар озмуни моҳи марти соли 2009 гузарондаи Барномаи «Мусоидат ба таҳсилоти олӣ»-и Институти «Ҷамъияти Кушода» – Тоҷикистон ғолиб баромадаанд, шунида мешаванд.




            

Ба гуфтаи ӯ, толибилмон дар маърўзаҳои худ: «Нақши донишҷўён дар идоракунии донишгоҳ», «Худидоракунии донишҷўён: воқеият ё устура», «Иттиҳодияҳои донишҷўён чун омили ҷалб намудани хонандагон дар раванди қабули қарорҳо» масъалаҳои иштироки донишҷўёнро дар риштаҳои гуногуни ҳаёти мактабҳои олӣ баррасӣ хоҳанд кард.



З.Қодирова афзуд, ҳайати ҳакамони мустақил, ки аз намояндагони макотиби олӣ иборат мебошад, маърўзаҳои муҳаққиқони ҷавонро арзёбӣ менамояд ва 3 маърўзаи беҳтаринро бо мукофотҳои махсус –

компютерҳо




 

сарфароз мегардонад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.