Дар Донишгоҳи Монтанаи ИМА «Гӯшаи Тоҷикистон» боз гардид

Date:



 




           

Душанбе. 30-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанд рӯз қабл дар Донишгоҳи Монтана, ки дар шаҳри Мизулии иёлати Монтанаи ИМА воқеъ аст, «Гӯшаи Тоҷикистон» боз гардид.





           

Чӣ тавре ки мухбири ОИ «Азия-Плюс» дар ИМА хабар дод, дар гӯша намунаҳои маҳсулоти ҳунармандии мардуми Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шудааанд, ки бозгӯи таъриху фарҳанг ва анъанаҳои неки мардуми кишвар мебошанд.




           

Дар маросими ифтитоҳи гӯша сафири Тоҷикистон дар ИМА Абдуҷаббор Ширинов, ректори донишгоҳ Ройс Энгстр ва муовини ректор Меҳрдод Киа ширкат варзида, дар суханронии худ изҳор доштанд, ки ифтитоҳи гӯшаи мазкур ба шиносоии наздиктари донишҷӯён ва сокинони иёлати Монтана бо Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.




           

Дар фарҷоми маросими ифтитоҳи гӯша аз ҷониби донишҷӯдухтарони Тоҷикистон, ки дар ин донишгоҳ таҳсил мекунанд, консерт намоиш дода шуд.


 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...