Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар кори конфронс оид ба таъсиси Шӯрои ҷавонони СҲШ дар Екатеринбург ширкат меварзад

            Душанбе. 2-юми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Екатеринбурги Русия конфронс оид ба таъсиси Шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай ба кор шурӯъ мекунад.             Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ, дар кори конфронс намояндагони созмонҳои ҷавонони кишварҳои узви СҲШ, аз қабили Конгресси ҷавонони Қазоқистон, шӯъбаи кор […]

Фирдавс Муртазоев



           

Душанбе. 2-юми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Екатеринбурги Русия конфронс оид ба таъсиси Шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай ба кор шурӯъ мекунад.





           

Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ, дар кори конфронс намояндагони созмонҳои ҷавонони кишварҳои узви СҲШ, аз қабили Конгресси ҷавонони Қазоқистон, шӯъбаи кор бо ҷавонони «Жас Отан»-и Ҳизби халқӣ-демократии «Нур отан», Федератсияи умумичиноии ҷавонон, Шӯрои ҷамъиятии ҷавонони Қирғизистон, Палатаи ҷамъиятии ҷавонон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон иштирок мекунанд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, Шӯрои ҷавонони СҲШ тибқи пешниҳоди Владимир Путин, ки

 

дар мулоқоти сарони кишварҳои узви созмон соли 2006 иброз намуда буд, таъсис дода мешавад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.