Дар ноҳияи Панҷ ба фаъолияти гурӯҳи қочоқбари фаромиллӣ хотима дода шуда, беш аз 31 кило маводи мухаддир мусодира гардид

Date:


Душанбе. 4-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи наздисарҳадии Панҷ ба фаъолияти гурӯҳи қочоқбари фаромиллӣ, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғул буд, хотима дода шуд.




Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ, рӯзи 1-уми май дар ноҳияи Панҷ автомашинаи навъи «Volkswagen Passat»-и ба сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ – Маҳмуд Шарифов таллуқдошта боздошт гардида, аз дохили он 31 килову


437 грамм

маводи афюн дарёфт ва мусодира карда шуд. «Зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии минбаъда ба гумони даст доштан дар ин амал шаҳрванди Афғонистон Исломуддин валади Хоҷабой ва шаҳрванди Туркия Убайдулло Чақар низ боздошт шуданд», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки гузашта аз ин, чанде баъдтар дар манзили истиқоматии М.Шарифов туфангчаи навъи «ТТ» низ дарёфт шудааст.



Аз рӯи ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...