Дар ноҳияи Панҷ ба фаъолияти гурӯҳи қочоқбари фаромиллӣ хотима дода шуда, беш аз 31 кило маводи мухаддир мусодира гардид

Душанбе. 4-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи наздисарҳадии Панҷ ба фаъолияти гурӯҳи қочоқбари фаромиллӣ, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғул буд, хотима дода шуд. Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ, рӯзи 1-уми май дар ноҳияи Панҷ автомашинаи навъи «Volkswagen Passat»-и ба сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ – Маҳмуд Шарифов […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 4-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи наздисарҳадии Панҷ ба фаъолияти гурӯҳи қочоқбари фаромиллӣ, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғул буд, хотима дода шуд.




Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ, рӯзи 1-уми май дар ноҳияи Панҷ автомашинаи навъи «Volkswagen Passat»-и ба сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ – Маҳмуд Шарифов таллуқдошта боздошт гардида, аз дохили он 31 килову


437 грамм

маводи афюн дарёфт ва мусодира карда шуд. «Зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии минбаъда ба гумони даст доштан дар ин амал шаҳрванди Афғонистон Исломуддин валади Хоҷабой ва шаҳрванди Туркия Убайдулло Чақар низ боздошт шуданд», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки гузашта аз ин, чанде баъдтар дар манзили истиқоматии М.Шарифов туфангчаи навъи «ТТ» низ дарёфт шудааст.



Аз рӯи ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.