Ҷанговарони интернатсионалисти Кӯлоб хотираи ҳамсафони худро пос медоранд

            Кӯлоб. 5-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 11-и ҷамоати Зарбдори ноҳияи Кӯлоб, ки номи ҷанговари интернатсионалист Ёдгор Давлатовро дорад, вохӯрии ҳамсафони ӯ ва волидайнаш бо толибилмони синфҳои болоии ин мактаб баргузор мешавад.             Чӣ тавре ки раиси Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти шаҳр ва минтақаи Кӯлоб Рустам Абдуқаюмов ба хабарнигори ОИ […]

Турко Дикаев



           

Кӯлоб. 5-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 11-и ҷамоати Зарбдори ноҳияи Кӯлоб, ки номи ҷанговари интернатсионалист Ёдгор Давлатовро дорад, вохӯрии ҳамсафони ӯ ва волидайнаш бо толибилмони синфҳои болоии ин мактаб баргузор мешавад.





           

Чӣ тавре ки раиси Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти шаҳр ва минтақаи Кӯлоб Рустам Абдуқаюмов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, мулоқот дар чаҳорчӯбаи чорабинии анъанавии Ҳафтаи ёдбуд доир мегардад. Номбурда гуфт, Ёдгор Давлатов дар муддати кӯтоҳи хизмати ҳарбӣ дар Афғонистон бо ордени «Ситораи сурх» ва медали «Барои шуҷоат» сарфароз гардонида шуда, дар яке аз муҳорибаҳои шадид ба ҳалокат мерасад.




           

Ба гуфтаи Р.Абдуқаюмов, имрӯз ҷанговарони интернатсионалист ҳамчунин аз 3 мактаби дигар, ки ба исми ҷанговарони интернатсионалисти фавтида номгузорӣ шудаанд, низ боздид хоҳанд кард. «Мо оромгоҳи онҳоро низ зиёрат намуда, гирду атрофи қабрашонро ба тартиб хоҳем овард», – гуфт ӯ.




           

Тибқи маълумоти Р.Абдуқаюмов, айни замон дар минтақаи Кӯлоб ҳудуди 1300 нафар ҷанговарони интернатсионалист ба сар мебарад. Ҳангоми муҳорибаҳо дар Афғонистон 7 нафар зодагони Кӯлоб ҷони худро аз даст дода, 18 нафари дигар аз ҷароҳатҳои бардошта дар давоми 20 соли пас аз ҷанг фавтидааанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.