Соли равон дар Душанбе ба ифтихори ҷашни Рӯзи Ғалаба гузашти низомӣ баргузор намегардад

Душанбе. 5-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Сардори маркази матбуоти Вазорати мудрфиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки соли равон дар шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили ҷашни 64-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ гузашти низомӣ баргузор намегардад. Ӯ гуфт, рӯзи 9-уми май дар боғи Ғалабаи пойтахт вохӯрии мақомоти раҳбарии вазорати […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 5-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Сардори маркази матбуоти Вазорати мудрфиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки соли равон дар шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили ҷашни 64-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ гузашти низомӣ баргузор намегардад. Ӯ гуфт, рӯзи 9-уми май дар боғи Ғалабаи пойтахт вохӯрии мақомоти раҳбарии вазорати мудофиа бо собиқадорони ҶБВ доир гардида, сипас вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев бо собиқадорон ба пояи лавҳаи хотираи ҷанговарони фавтида гулчанбар мегузоранд.




Ф.Маҳмадалиев афзуд, чун собиқадорони ҶБВ ҳама пиронсоланд, иштирок дар гузашти низомӣ барои аксари онҳо хеле мушкил аст. «Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки гузашти низомӣ доир карда нашавад ва ин қарор ба бӯҳрони молӣ ҳеҷ дахле надорад», – гуфт ӯ.


 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.