ХБА иҷрои нишондиҳандаҳои санҷишии сиёсати макроиқтисодӣ ва хазинаи давлатии Тоҷикистонро қаноатбахш арзёбӣ намуд

            Душанбе. 8-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва роҳбари гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфениг масоили амалисозии чорабиниҳои марбут ба коҳиши оқибатҳои бӯҳрони молӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Котиботи […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 8-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва роҳбари гурӯҳи Хазинаи байнулмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфениг масоили амалисозии чорабиниҳои марбут ба коҳиши оқибатҳои бӯҳрони молӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Котиботи Вазорати молияи ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот Аксел Шиммелпфениг иҷрои нишондиҳандаҳои санҷишии сиёсати макроиқтисодӣ ва хазинаи давлатии Тоҷикистонро дар чаҳорчӯбаи татбиқи Барномаи коҳиши фақр ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ қаноатбахш арзёбӣ намуд.




           

Дар навбати худ вазири молияи ҶТ ба намояндагони ХБА барои пуштибонӣ аз барнома ва маъқул шуморидани он аз ҷониби Шӯрои мудирони Хазина изҳори миннатдорӣ намуда, дурнамои муносиботи ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳим арзёбӣ кард.




           

Тибқи маълумоти намояндагии ХБА дар Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи ХБА оид ба Тоҷикистон рӯзи 4-уми май ба Душанбе ташриф оварда буд. Дар ҷараёни сафар, ки 14-уми май ба анҷом мерасад, Аксел Шиммелпфениг бо мақомоти раҳбарии бахши иқтисоди Тоҷикистон дидору гуфтушунид мекунад. Рӯзи 12-уми май дар меҳмонхонаи Hyatt Regency роҳбари гурӯҳи ХБА барномаи рушди иқтисодии минтақавиро муааррифӣ хоҳад кард.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.