Хизматчии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба дуздии рамаи гӯсфандон гунаҳкор дониста мешавад

Date:



           

Душанбе. 8-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Хизматчии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба дуздии рамаи гӯсфандон гунаҳкор дониста мешавад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ хабар доданд, рӯзи 7-уми май яке аз раисони хоҷагии чорводории ноҳияи Рӯдакӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат карда, изҳор доштааст, ки шаби 1 ба 2-юми май шахси номаълуме бо сарулибоси низомӣ ва мусаллаҳ бо автомати Калашников бо таҳдид аз рамаи гӯсфандон 4 сар чорворо бо худ бурдааст.



«Дар ҷараёни баргузории амлиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милиса ба гумони даст доштан дар ин кор хизматчии қисми низомии 2847-и Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сарбози қаторӣ Сӯҳроб Файзуллоевро боздошт намуда, нисбати аъмоли ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карданд», – гуфт манбаъ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...