Душанбе. 11-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон бар асари офатҳои табиӣ боз чор тани дигар ба ҳалокат расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ хабар доданд, шаби 9-уми май дар километри 158-уми роҳи мошингард, дар ағбаи Шаҳристон бар асари сангфароӣ автомашинаи КАМАЗ ба ҷарии чуқуриаш
550 метр
сарозер
меравад ва дар натиҷа ронандаву ду нафар мусофири ӯ ба ҳалокат мерасанд. «Ҳамаи онҳо сокинони ноҳияи Панҷакент мебошанд», – гуфт манбаъ.
Тибқи маълумоти манбаъ, рӯзи 9-уми май дар ноҳияи Айнӣ зимни чаронидани чорво аз кӯҳ ярч фаромада, чӯпон – Анвар Нарзиевро зинда ба зинда ба коми худ мекашад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 8-уми май дар ноҳияи Турсунзода бар асари фаромадани сел 3 нафар кӯдаки ноболиғ фавтида буданд.


