Дар минтақаи Кӯлоб истеҳсоли тухм ду баробар афзуд

Кӯлоб. 11-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи чор моҳи соли ҷорӣ дар бахши хусусӣ ва ҷамъиятии минтақаи Кӯлоб 127,7 ҳазор дона тухм истеҳсол гардид, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ду баробар бештар аст. Мутахассиси пешбари раёсати кишоварзии минтақа Ҷумъахон Амиршоев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар минтақа […]

Турко Дикаев


Кӯлоб. 11-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи чор моҳи соли ҷорӣ дар бахши хусусӣ ва ҷамъиятии минтақаи Кӯлоб 127,7 ҳазор дона тухм истеҳсол гардид, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ду баробар бештар аст.




Мутахассиси пешбари раёсати кишоварзии минтақа Ҷумъахон Амиршоев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар минтақа тамоили рушди паррандапарварӣ ба мушоҳида мерасад, вале то нишондиҳандаҳои даврони шӯравӣ расидан, ки он замон дар як корхонаи паррандапарварӣ то 300 ҳазор парранда нигаҳдорӣ мешуд, ҳанӯз вақти зиёде зарур аст.



«Дар зарфи чор моҳ инчунин саршумори парранда ба миқдори 9 ҳазор сар, чорвои шохдои калон – 430 сар, чорвои майда – 5755 сар ва саршумори асп – 77 сар зиёдтар шуд», – афзуд Ҷ.Амиршоев.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.