Миёни ҲХДТ ва Ҳизби «Оқ-Жол»-и Қирғизистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

            Душанбе. 11-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни баргузории Анҷумани IV -уми Ҳизби «Оқ-Жол»-и Қирғизистон дар шаҳри Бишкек муовини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Давлаталӣ Давлатзода ва ҷонишини раиси Ҳизби «Оқ-Жол» Автандил Арабаев дар бораи ҳамкории ҳизбҳо созишнома ба имзо расониданд.             Тавре Д.Давлатзода таъкид намуд, имзои созишнома ба рушди муносиботи миёни ҳизбҳо муосидат […]

Далер Ғуфронов



           

Душанбе. 11-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни баргузории Анҷумани


IV


-уми Ҳизби «Оқ-Жол»-и Қирғизистон дар шаҳри Бишкек муовини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Давлаталӣ Давлатзода ва ҷонишини раиси Ҳизби «Оқ-Жол» Автандил Арабаев дар бораи ҳамкории ҳизбҳо созишнома ба имзо расониданд.





           

Тавре Д.Давлатзода таъкид намуд, имзои созишнома ба рушди муносиботи миёни ҳизбҳо муосидат менамояд. Ӯ изҳор дошт, ки ҳизбҳо дар навбати худ, ба рушди муносиботи миёни давлатҳо таъсир мерасонанд. «Манфиатҳои Қирғизистону Тоҷикистон ҳизбҳои пешбари ҳарду кишварро ба таҳкими мутақобилаи ҳамкориҳо водор месозад», – гуфт ӯ.




           

А.Арабоев дар ҷараёни мулоқот изҳор дошт, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар аксар соҳаҳо, аз ҷумла, иқтисодиёт, фарҳанг ва фаъолияти давлатӣ, махсусан дар риштаи истифодаи сарфакоронаи захирахои гидроэнергетики ду давлат манфиатҳои муштарак доранд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.