Беш аз якуним тонна маводи мухаддир дар зарфи чор моҳ

Date:



           

Душанбе. 11-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи чаҳор моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти марбутаи Тоҷикистон 1 тоннаву 548 килову


455 грамм

маводи мухаддир мусодира карда шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, аз ин миқдор, аз ҷумла, беш аз 351 килояшро маводи сахттаъсири ҳероин, беш аз 217 килояшро афюн ва зиёда аз 979 килояшро маводи мухаддири гурӯҳи каннабис ташкил медиҳад.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳамин давраи соли гузашта аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 2 тоннаву 203 кило маводи мухаддир мусодира гардида буд.



«Дар ин давра аз ҷониби кормандони АНМН – 229 килову

298 грамм

, кормандони ВКД ҶТ – беш аз 780 кило, сарҳадбонони Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ – 304 килову

350 грамм

, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – 172 килову

452 грамм

маводи мухаддир мусодира карда шуд», – афзуд манбаъ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...