БРО баҳри рушди минтақаи деҳоти Тоҷикистон 3,5 млн. $ маблағ ҷудо мекунад

Date:



           

Душанбе. 11-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Душанбе миёни Тоҷикистону Бонки рушди Осиё баҳри татбиқи лоиҳаи «Рушди минтақаҳои деҳот» оид ба ҷудо кардани маблағ аз ҳисоби бурси Фонди глобалии экологӣ созишнома ба имзо расид.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҶТ хабар доданд, дар созишномае, ки аз ҷониби вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии БРО дар Тоҷикистон Макото Оҷиро ба имзо расид, ҷудо кардани бурс ба маблағи 3,5 млн. $ пешбинӣ шудааст. «Дар шароити бӯҳрони молӣ татбиқи лоиҳаҳо дар бахши кишоварзӣ омили муҳим буда, ба афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ ва гирифтани ду ҳосил аз заминҳои кишт мусоидат мекунад», – гуфтанд дар вазорат.



Бино ба иттилои манбаъ, маблағи мазкур ба амалисозии қисмате аз лоиҳа, ки ба идоракунии устувори захираҳои замини мавҷуда ва таҳқиқи муҳити зист марбут аст, равона хоҳад гардид.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...