БРО баҳри рушди минтақаи деҳоти Тоҷикистон 3,5 млн. $ маблағ ҷудо мекунад

            Душанбе. 11-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Душанбе миёни Тоҷикистону Бонки рушди Осиё баҳри татбиқи лоиҳаи «Рушди минтақаҳои деҳот» оид ба ҷудо кардани маблағ аз ҳисоби бурси Фонди глобалии экологӣ созишнома ба имзо расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҶТ хабар доданд, дар созишномае, ки аз ҷониби вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 11-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Душанбе миёни Тоҷикистону Бонки рушди Осиё баҳри татбиқи лоиҳаи «Рушди минтақаҳои деҳот» оид ба ҷудо кардани маблағ аз ҳисоби бурси Фонди глобалии экологӣ созишнома ба имзо расид.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҶТ хабар доданд, дар созишномае, ки аз ҷониби вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии БРО дар Тоҷикистон Макото Оҷиро ба имзо расид, ҷудо кардани бурс ба маблағи 3,5 млн. $ пешбинӣ шудааст. «Дар шароити бӯҳрони молӣ татбиқи лоиҳаҳо дар бахши кишоварзӣ омили муҳим буда, ба афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ ва гирифтани ду ҳосил аз заминҳои кишт мусоидат мекунад», – гуфтанд дар вазорат.



Бино ба иттилои манбаъ, маблағи мазкур ба амалисозии қисмате аз лоиҳа, ки ба идоракунии устувори захираҳои замини мавҷуда ва таҳқиқи муҳити зист марбут аст, равона хоҳад гардид.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.