Мутахассисони бахши фарҳанги ҷумҳурӣ вижагиҳои низоми идоракунии маркетингиро омӯхтанд

Душанбе. 11-уми май. ОИ «Азия-Плюс – Мутахассисон тайёрии муассисаҳои фарҳангро дар шароити бўҳрони молиявӣ муҳокима карданд. Аз 4 то 8 май дар Китобхонаи давлатии патентӣ-техникӣ бо ташаббус ва дастгирии молиявии барномаи «Фарҳанг ва ҳунар»-и Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар мавзўи «Системаи идоракунии маркетингии муассисаҳои фарҳанг» семинар баргузор гардид. Чӣ тавре ки ҳамоҳангсози барнома Гуландом […]

root


Душанбе. 11-уми май. ОИ «Азия-Плюс – Мутахассисон тайёрии муассисаҳои фарҳангро дар шароити бўҳрони молиявӣ муҳокима карданд.




Аз 4 то 8 май дар Китобхонаи давлатии патентӣ-техникӣ бо ташаббус ва дастгирии молиявии барномаи «Фарҳанг ва ҳунар»-и Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар мавзўи «Системаи идоракунии маркетингии муассисаҳои фарҳанг» семинар баргузор гардид.



Чӣ тавре ки ҳамоҳангсози барнома Гуландом Набиева ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар кори семинар мутахассисони пешбари Вазорати фарҳанги ҶТ, Раёсатҳои фарҳанги шаҳрҳои Кўлоб, Қўрғонтеппа, Хоруғ, Хуҷанд, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии соҳаи фарҳанг ва ҳунар, мутахассисони китобхонаҳо ва донишҷўёни Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода иштирок карданд. Сессияи тренингиро фарҳангшиносони Академияи давлатии фарҳанг ва санъати Челябинск Устимчик М.В.- мудири кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи санъат. Номзади илми таърих, дотсент ва Штихван В.Н. – мудири шӯъбаи маркетинги китобхонаи илмӣ- универсалии Челябинск баргузор намуд.



Дар чорабинӣ масъалаҳои асосҳои маркетингии фаъолияти муассисаҳои фарҳанг,

 

комплекси маркетинг дар китобхона,

 

дараҷаи таҳлили илмии проблемаҳои татбиқи маркетинг дар соҳаи фарҳанг, ҷанбаҳои маркетингии фаъолияти бозори фарҳанг ва хусусиятҳои раванди идоракунии маркетингии муассисаҳои фарҳанг баррасӣ карда шуданд.




 

Мақсади лоиҳа – ба кормандони соҳаи фарҳанг омўзондани хусусиятҳои идоракунии маркетингӣ дар риштаи иҷтимоию фарҳангӣ, ҳалли оқилонаи проблемаҳо, усулҳои пешгўикунӣ, арзёбии натиҷаҳои меҳнат дар идоракунӣ, хусусиятҳои идоракунии кормандон ва муваффақиятнокии идоракунӣ мебошад.



Лоиҳа аз сабаби ба вуҷуд омадани зарурати тайёркунии муассисаҳои фарҳанг ба кор дар шароити бўҳрони моливии ҷаҳонӣ ташкил карда шуд.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.