Бонки рушди Олмон ба бонкҳои Тоҷикистон 4,5 млн. Евро маблағ ҷудо карданист

Date:



           

Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Душанбе мулоқоти мақомоти раҳбарии ҶСК «Агроинвестбонк» бо менеҷери лоиҳавии Бонки рушди Олмон (KfW Development Bank) Моника Гюдзнер ва намояндаи ин бонк Силке Хермес баргузор шуд.





           


Чӣ

тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти бонк хабар доданд, мулоқоти мазкур бо мақсади шиносоии намояндагони бонки хориҷӣ бо фаъолияти бонк ва мусоидати онҳо ба таъсиси созмони нахустини апексии микродепозитии «Боварӣ» барои таъмини созмонҳои қарздиҳии хурд бо маблағ созмон дода шудааст.




           

Бино ба иттилои манбаъ, раиси»Агронвестбонк» Ниёзмурод Саидмуродов изҳор доштааст, ки баҳри дастгирии суръати баланди афзоиши бахши қарздиҳии хурд, ки бевосита ба коҳиши сатҳи камбизоатии аҳолӣ нигаронида шудааст, тасмим гирфта шуд, созмони нахустини апексии микродепозитии «Боварӣ ва ҳамкорӣ» таъсис дода шавад.




           

Дар навбати худ Моника Гюндзнер гуфтааст, дар марҳилаи аввал бонк ният дорад, баҳри амалисозии ин мақсад 4,5 млн. Евро маблағ ҷудо созад, ки қисмате аз онҳо чун сармоя ва воситаҳои молиявии созмони «Боварӣ ва ҳамкорӣ» истифода хоҳанд шуд. «Дар марҳилаи дуввум роҳандозии робитаҳои зич бо бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар соҳаи қарздиҳии хурд ба нақша гирифта шудааст», – афзуд манбаъ.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...