ХБА коҳиши ҳаҷми интиқоли маблагҳо аз Русия ба Тоҷикистонро дар тамоми муддати сол пешгӯӣ мекунад

Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни муаррифии гузориши «Дурнамои рушди иқтисоди минтақавӣ: Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ» роҳбари гурӯҳи ваколатдори Хазинаи байнулмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфениг изҳор дошт,ки дар муқоиса бо соли гузашта дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон ба андозаи 33 дарсад коҳиш ёфтааст. […]

Виктория Наумова


Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни муаррифии гузориши «Дурнамои рушди иқтисоди минтақавӣ: Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ» роҳбари гурӯҳи ваколатдори Хазинаи байнулмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфениг изҳор дошт,ки дар муқоиса бо соли гузашта дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз Русия ба Тоҷикистон ба андозаи 33 дарсад коҳиш ёфтааст.




Ӯ гуфт, иқтисоди кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ба интиқоли маблағҳо аз Русия вобастаанд ва дар Тоҷикистон ин вобастагӣ бештар эҳсос мешавад. «Ҳиссаи маблағҳои интиқолшуда дар соли 2008 қариб 55 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил дод», – гуфт ӯ.



Ба қавли намояндаи ХБА, раванди коҳиши ҳаҷми маблағҳои интиқолӣ муддати тамоми сол идома хоҳад ёфт, зеро суръати рушди иқтисодӣ дар Русия соли ҷорӣ 6 дарсад поин хоҳад рафт.



Дар мавриди суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон номбурда гуфт, қаблан он 2 дарсад пешбинӣ шуда буд, вале бо назардошти хавфҳо, ки метавонанд амалӣ гарданд, имкон дорад дар ахири сол он ба сифр баробар шавад.



А.Шиммелпфениг афзуд, соли 2009 арзиши нахи пахта ба андозаи 23 ва алюминий то 50 дарсад поин хоҳад рафт.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.