Кори агрегати охирини нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» санҷида шуд

            Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл кори агрегати чаҳоруму охирини нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» санҷида шуд.             Чӣ тавре ки аз ҶСК «Нерӯгоҳи « Сангтӯда-1» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, интизор меравад, ки рӯзи 15-уми май нерӯгоҳ пурра мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.             Бино ба иттилои манбаъ, айни замон кор дар иншоот бидуни […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл кори агрегати чаҳоруму охирини нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» санҷида шуд.





           

Чӣ тавре ки аз ҶСК «Нерӯгоҳи

«

Сангтӯда-1» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, интизор меравад, ки рӯзи 15-уми май нерӯгоҳ пурра мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.




           

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон кор дар иншоот бидуни таваққуф шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, дар баробари корҳои насб толори асосии мошинӣ ва сарбанд муҷаҳҳаз ва ба тартиб оварда мешавад. «Бо назардошти он, ки қисмате аз коргарони нерӯгоҳ аллакай дар сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ба фаъолият ҷалб шуданд, феълан коргарони боқимонда бо заҳмати дучанд кор мекунанд», – афзуд манбаъ.





Маълумотнома:




Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки дар минтақаи ҷанубу шарқии Тоҷикистон бунёд мегардад, лоиҳаи муштаракаи Тоҷикистону Русия маҳсуб гардида, иқтидори чаҳор агрегати он ба 670 МВт баробар аст. Моҳи январи соли 2008 агрегати аввал, 1-уми июл агрегати дуввум ва 6-уми ноябр агрегати саввуми он пеш аз мӯҳлат ба истифода дода шуд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.