Боронҳои шадиди муттасил ба бахши кишоварзии ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 43 млн. сомонӣ хисорот ворид сохтанд

Date:


Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» -Имрӯз дар ҷамъи рӯзномнигорон сардори раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ Саидмурод Баҳриддинов изҳор дошт, ки боронҳои шадиди муттасил ба бахши кишоварзии ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 43 млн. сомонӣ хисорот ворид сохтанд.




Ба гуфтаи ӯ, боронҳо беш аз 14 ҳазор гектар заминҳоро шустаанд ва аз ҳама бештар ба заминҳои кишти чигит зарар расонида шудааст. «Аз борон 5 ҳазору


390 гектар

заминҳои кишти чигит осеб диданд, ки 3,3 дарсади майдони пешбинишуда барои кишти пахта дар ҷумҳуриро ташкил дода, маблағи зарар ба 5 млн. 390 ҳазор сомонӣ баробар аст», – гуфт вай.



Номбурда гуфт, инчунин беш аз 3,6 ҳазор гектар заминҳои кишти зироати ғалладона, ҳудуди

700 гектар

кишти сабзавот,

124 гектар

кишти картошка ва

718 гектар

зироатҳои полизӣ низ зарар дидаанд. «Айни замон ҷиҳати дастгирӣ ва расонидани кӯмак ба ноҳияҳои осебдида бо вазорати рушди иқтсиод ва савдои ҷумҳурӣ ва ҳамчунин созмонҳои мададрасон гуфтушунид идома дорад», – афзуд С.Баҳриддинов.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...