Вазири молияи ҶТ: Барои маблағгузорӣ ба амалисозии чорабиниҳои зиддибӯҳронии ҳукумат 180-200 млн. $ маблағи иловагӣ зарур аст

Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар вохӯрии мақомоти раҳбарии вазорату идораҳои бахши иқтисоди ҶТ бо намояндагони созмонҳои мададрасон, ки ба таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди Тоҷикистон бахшида шуда буд, вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки барои маблағгузорӣ ба амалисозии чорабиниҳои зиддибӯҳронии ҳукумат 180-200 млн. $ маблағи иловагӣ зарур аст. С.Наҷмиддинов гуфт, […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар вохӯрии мақомоти раҳбарии вазорату идораҳои бахши иқтисоди ҶТ бо намояндагони созмонҳои мададрасон, ки ба таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди Тоҷикистон бахшида шуда буд, вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки барои маблағгузорӣ ба амалисозии чорабиниҳои зиддибӯҳронии ҳукумат 180-200 млн. $ маблағи иловагӣ зарур аст.




С.Наҷмиддинов гуфт, маблағгузорӣ ба амалисозии чорабиниҳои зиддибӯҳронии ҳукумат асосан аз ҳисоби воситаҳои давлатӣ ба нақша гирифта шудааст, вале чун имконоти молии ҳукумат маҳдуд аст, ҷумҳурӣ ба ҷалби сармоя аз хориҷи кишвар, аз ҷумла, дастгирии созмонҳои мададрасон умед дорад.



Вазири молия хотирррасон кард, ки пас аз ворид сохтани тағйирот ба қонун дар бораи буҷаи давлатии соли 2009, ҳаҷми даромадҳои буҷа ба андозаи 9,8 дарсад аз нишондиҳандаи қаблӣ (459 млн. сомонӣ) ва ҳаҷми хароҷот ба миқдори 9,6 дарсад (459 млн. сомонӣ) коҳиш меёбанд.



С.Наҷмиддинов зикр кард, ки маблағи созмонҳои мададрасон баҳри дастгирии буҷаи соли 2009 ба 72 млн. доллари ИМА баробар аст. «Аз ин миқдор 20 млн. $ маблағи Бонки ҷаҳонӣ, 40 млн. $ маблағи Бонки рушди Осиё ва 12 млн. $ маблағи Комиссияи Аврупо аст», – афзуд вазири молия.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.