Вазири молияи ҶТ: Барои маблағгузорӣ ба амалисозии чорабиниҳои зиддибӯҳронии ҳукумат 180-200 млн. $ маблағи иловагӣ зарур аст

Date:


Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар вохӯрии мақомоти раҳбарии вазорату идораҳои бахши иқтисоди ҶТ бо намояндагони созмонҳои мададрасон, ки ба таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди Тоҷикистон бахшида шуда буд, вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки барои маблағгузорӣ ба амалисозии чорабиниҳои зиддибӯҳронии ҳукумат 180-200 млн. $ маблағи иловагӣ зарур аст.




С.Наҷмиддинов гуфт, маблағгузорӣ ба амалисозии чорабиниҳои зиддибӯҳронии ҳукумат асосан аз ҳисоби воситаҳои давлатӣ ба нақша гирифта шудааст, вале чун имконоти молии ҳукумат маҳдуд аст, ҷумҳурӣ ба ҷалби сармоя аз хориҷи кишвар, аз ҷумла, дастгирии созмонҳои мададрасон умед дорад.



Вазири молия хотирррасон кард, ки пас аз ворид сохтани тағйирот ба қонун дар бораи буҷаи давлатии соли 2009, ҳаҷми даромадҳои буҷа ба андозаи 9,8 дарсад аз нишондиҳандаи қаблӣ (459 млн. сомонӣ) ва ҳаҷми хароҷот ба миқдори 9,6 дарсад (459 млн. сомонӣ) коҳиш меёбанд.



С.Наҷмиддинов зикр кард, ки маблағи созмонҳои мададрасон баҳри дастгирии буҷаи соли 2009 ба 72 млн. доллари ИМА баробар аст. «Аз ин миқдор 20 млн. $ маблағи Бонки ҷаҳонӣ, 40 млн. $ маблағи Бонки рушди Осиё ва 12 млн. $ маблағи Комиссияи Аврупо аст», – афзуд вазири молия.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...