Сарфи назар аз беқурбшавии сомонӣ, алҳол арзиши маводи аввалияи ғизоӣ дар пойтахт бетағйир боқӣ мемонад

Date:



           

Душанбе. 19-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Сарфи назар аз беқурбшавии сомонӣ, алҳол арзиши маводи авввалияи ғизоӣ дар пойтахт дар муқоиса бо моҳҳои авали соли ҷорӣ бетағйир боқӣ мемонад.





           

То ҳанӯз чун моҳи январ дар бозорҳои шаҳри Душанбе арзиши як кило гӯшт 17-18 сомонӣ, картошка – 1,4 сомонӣ, пиёз – 1,5 сомонӣ, сабзӣ – 1 сомонӣ, макарон аз 3 то 8 сомонӣ, биринҷ – аз 6 то 10 сомонӣ ва як дона тухм 50-60 дирамро ташкил медиҳад.




           

Дар муқоиса бо аввали сол нархи равғани пахта ва шакар 1 сомонӣ афзуда, акнун мутаносибан ба 6 сомонӣ ва 3,5 сомонӣ баробар аст. Дар ин давра нархи орд ва равғани растанӣ поин рафта, агар дар оғози сол арзиши як халта орд ба 100 сомонӣ баробар буд, пас феълан онро метавон бо 90 сомонӣ дастрас намуд. Равғани растанӣ, ки дар оғози сол аз 8 то 11 сомонӣ барои як литр арзиш дошт, имрӯз 6-9 сомонӣ аст.




           

Дар ҳамин ҳол, беқурбшавии асъори миллӣ нисбат ба доллари ИМА идома дошта, дар муқоиса бо аввали соли ҷорӣ он ба андозаи 23,2 дарсад коҳиш ёфтааст. Агар дар аввали сол Бонки миллии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 3,40 сомонӣ пешниҳод мекард, пас имрӯз он ба 4,19 сомонӣ баробар шудааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...