Агентии маводи нашъаовар ба муносибати таҷлили ҷашни солгарди таъсисёбӣ чорабиниҳои зидди маводи мухаддир доир месозад

            Душанбе. 19-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳафтаи гузашта дар доираи чорабиниҳои бахшида ба таҷлили ҷашни солгарди Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон кормандони агентӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мулоқот оростанд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентӣ хабар доданд, намояндагони агентӣ […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 19-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳафтаи гузашта дар доираи чорабиниҳои бахшида ба таҷлили ҷашни солгарди Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон кормандони агентӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мулоқот оростанд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентӣ хабар доданд, намояндагони агентӣ бо донишҷӯён дар бораи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, тарзи пешгирии гирифторӣ ба нашъамандӣ ва воситаҳои муолиҷаи он, тарзи дурусти интихоби роҳи ҳаёти минбаъда ва хатари истеъмоли маводи нашъаовар мулоқоти судманд анҷом доданд.




           

Ба иттилои манбаъ, чанде пештар дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои ҷашнӣ дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳамдастӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ ва Кумитаи ҷавонон агентӣ бо иштироки ҷавонони маҳал мусобиқаи давиданро доир сохт ва дар фарҷоми он бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа чорабинии зидди маводи мухаддир баргузор кард. «Ба ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ дар мавзӯи пешгирӣ ва мубориза бо маводи мухаддир дастур ва варақаҳо тақисм карда шуд», – афзуд манбаъ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.