Барои қонуншикании тартиботи будубош дар Тоҷикистон 22 шаҳрванди хориҷӣ ҷаримабандӣ шуда, 8 нафар аз қаламрави ҷумҳурӣ хориҷ гардид

Date:



           

Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Шурӯъ аз моҳи майи соли ҷорӣ дар ҷараёни баргузории рейдҳо дар шаҳри Душанбе зиёда аз 100 нафар шаҳрвандони хориҷӣ боздошт гардиданд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, пас аз санҷиши ҳуҷҷатҳо аксари онҳо ҷавоб дода шуда, 22 нафари онҳо барои қонуншикании тартиботи будубош дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷаримабандӣ гардиданд. «Нисбат ба 8 шаҳрванди хориҷӣ асноди зарурӣ ҷиҳати фиристодани онҳо ба ватанашон таҳия гардида, ба мақомоти дахлдор ирсол карда шуд», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, соли гузашта барои ғайриқонунӣ дар қаламрави Тоҷикистон иқомат кардан 968 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷазои маъмурӣ ҷалб гардида, 186 нафари онҳо аз қаламрави ҷумҳурӣ хориҷ карда шуданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...