Тоҷикистон аз СММ кӯмак мепурсад

              Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукумати Тоҷикистон аз СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ дархост кард, ки барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба ҷумҳурӣ кӯмаки таъҷилӣ расонанд. Дра ин бора маркази иттилооти СММ хабар медиҳад.             Дар муроҷиати ҳукумати ҶТ гуфта мешавад, дар маҷмӯъ зарари офатҳои табиӣ 40 шаҳру навоҳии кишварро фаро гирифта, […]

Наргис Ҳамробоева


 



           

Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукумати Тоҷикистон аз СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ дархост кард, ки барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба ҷумҳурӣ кӯмаки таъҷилӣ расонанд. Дра ин бора маркази иттилооти СММ хабар медиҳад.





           

Дар муроҷиати ҳукумати ҶТ гуфта мешавад, дар маҷмӯъ зарари офатҳои табиӣ 40 шаҳру навоҳии кишварро фаро гирифта, миёни аҳолӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми хисороти расидаро беш аз 100 млн. доллари ИМА арзёбӣ намуда, изҳор доштааст, ки тибқи маълумоти пешакӣ, дар кишвар 200 манзили зист пурра хароб гардида, садҳо иншооти зерсохтории таъиноти гуногун, аз ҷумла мактабу беморхонаҳо зарар диданд. Дар ҷумҳурӣ

 



160 км

қитъаи роҳи мошингардро селоб шуста, 40 пул вайрон шудааст ва хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқ ва пойгоҳҳои обкашӣ корношоям гардиданд.




           

Дар муроҷиат зикр мегардад, ки бар асари офатҳои табиӣ ба заминҳои кишти маҳсулоти кишоварзӣ зарари зиёд расида, беш аз 3 ҳазор саршумори чорво нобуд гардид. Ҳукуматдорони Тоҷикистон баҳри кӯмак ба мардуми осебдида аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мекунанд, вале Тоҷикистон қодир нест, ки мустақилона оқибатҳои офати табииро бартараф созад. Дар ҷумҳурӣ норасоии шадиди масолеҳи сохтмон, маводи сӯзишворӣ, ғизоӣ, доруворӣ, тухмӣ, хаймаҳои зист ва генераторҳои сайёр ба мушоҳида мерасад.




           

Дар мусоҳиба ба радиои СММ Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов изҳор доштааст, ки айни замон ҳалли фаврии масъалаи бо ҷойи зисти муваққатӣ

 

таъмин намудани осебдидагон зарур буда, барои барқарор сохтани заминҳои кишт ва нашъунамои зироатҳо маблағҳои зиёде равона кардан лозим меояд, то ки деҳқонон дар мавсими соли равон ҳосили дилхоҳ ба даст оранд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.