Тоҷикистон ба Фонди зиддибӯҳронии ЕврАзЭС 1 млн. $ маблағ ҳиссагузорӣ мекунад

Date:



           

Душанбе. 21-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷаласаи Шӯрои сиёсати молиявӣ ва иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС) дар шаҳри Маскав қарор шуд, ки Тоҷикистону Қирғизистон ва Арманистон ба Фонди зиддибӯҳронии иқтисод ҳар яке ба маблағи 1 млн. доллари ИМА ҳиссагузорӣ мекунанд.





           

Тибқи иттилои хабаргузории РИА «Новости», Фонди зиддибӯҳронии иқтисод баҳри дастгирии кишварҳои узв дар муддати се моҳи оянда ба фаъолият оғоз мекунад. Вазири молияи Русия Кудрин қайд кардааст, ки дар ҷаласаи шӯро як қатор қарорҳои муҳим, аз ҷумла, нақшаи тадбирҳои зиддибӯҳронӣ қабул гардида, лоиҳаи қарордод оид ба таъсиси фонди зиддибӯҳронӣ тасдиқ шудааст.




           

Ба гуфтаи Кудрин, ба ҷуз Белорус, дигар кишварҳои узви иттиҳод ҳаҷми ҳиссаи худ ба фондро муайян кардаанд. Сармояи фонд 10 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, ҳиссаи Русия ба 7,5 млрд., Қазоқистон – 1 млрд. ва Тоҷикистону Қирғизистону Арманистон ҳар яке 1 млн. доллари ИМА мебошад.




           

Дар навбати аввал кишварҳо 10 дарсад аз ҳаҷми маблағи ба зимма гирифтаашонро ба фонд ворид месозанд ва қарори ҷудо кардани маблағ аз ин ҳисоб ба кишварҳои узви иттиҳод аз ҷониби Шӯрои фонд қабул карда мешавад. Ҳамаи вазирони молияи кишварҳои узви ЕврАзЭС шомили ин шӯро хоҳанд буд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...