Тоҷикистон ба Фонди зиддибӯҳронии ЕврАзЭС 1 млн. $ маблағ ҳиссагузорӣ мекунад

            Душанбе. 21-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷаласаи Шӯрои сиёсати молиявӣ ва иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС) дар шаҳри Маскав қарор шуд, ки Тоҷикистону Қирғизистон ва Арманистон ба Фонди зиддибӯҳронии иқтисод ҳар яке ба маблағи 1 млн. доллари ИМА ҳиссагузорӣ мекунанд.             Тибқи иттилои хабаргузории РИА «Новости», Фонди зиддибӯҳронии иқтисод баҳри дастгирии […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 21-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷаласаи Шӯрои сиёсати молиявӣ ва иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС) дар шаҳри Маскав қарор шуд, ки Тоҷикистону Қирғизистон ва Арманистон ба Фонди зиддибӯҳронии иқтисод ҳар яке ба маблағи 1 млн. доллари ИМА ҳиссагузорӣ мекунанд.





           

Тибқи иттилои хабаргузории РИА «Новости», Фонди зиддибӯҳронии иқтисод баҳри дастгирии кишварҳои узв дар муддати се моҳи оянда ба фаъолият оғоз мекунад. Вазири молияи Русия Кудрин қайд кардааст, ки дар ҷаласаи шӯро як қатор қарорҳои муҳим, аз ҷумла, нақшаи тадбирҳои зиддибӯҳронӣ қабул гардида, лоиҳаи қарордод оид ба таъсиси фонди зиддибӯҳронӣ тасдиқ шудааст.




           

Ба гуфтаи Кудрин, ба ҷуз Белорус, дигар кишварҳои узви иттиҳод ҳаҷми ҳиссаи худ ба фондро муайян кардаанд. Сармояи фонд 10 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, ҳиссаи Русия ба 7,5 млрд., Қазоқистон – 1 млрд. ва Тоҷикистону Қирғизистону Арманистон ҳар яке 1 млн. доллари ИМА мебошад.




           

Дар навбати аввал кишварҳо 10 дарсад аз ҳаҷми маблағи ба зимма гирифтаашонро ба фонд ворид месозанд ва қарори ҷудо кардани маблағ аз ин ҳисоб ба кишварҳои узви иттиҳод аз ҷониби Шӯрои фонд қабул карда мешавад. Ҳамаи вазирони молияи кишварҳои узви ЕврАзЭС шомили ин шӯро хоҳанд буд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.