Дар Душанбе Коллеҷи сарҳадбонони САҲА ифтитоҳ гардид

Душанбе. 27-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе Омӯзишгоҳи олии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба идораи марзҳо ифтитоҳ гардид. Дар омӯзишгоҳ ҳайати фармондеҳии нерӯҳои марзбонии кишварҳои узви САҲА ва ҳамчунин кишвари ҳамсояи Афғонистон таҳсил карда, дар он ба роҳандозии барномаи таҳкими ҳамкории байниидоравӣ ва фаромарзӣ дар минтақа таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 27-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе Омӯзишгоҳи олии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба идораи марзҳо ифтитоҳ гардид.




Дар омӯзишгоҳ ҳайати фармондеҳии нерӯҳои марзбонии кишварҳои узви САҲА ва ҳамчунин кишвари ҳамсояи Афғонистон таҳсил карда, дар он ба роҳандозии барномаи таҳкими ҳамкории байниидоравӣ ва фаромарзӣ дар минтақа таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд.



Дар маросими ифтитоҳи омӯзишгоҳ вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ изҳор дошт, ки барои таъсис ва фаъолияти муассисаи таълимӣ кишварҳои узви САҲА дар муддати 7 сол 5 млн. Евро маблағ ҷудо месозанд, ки 2,3 млн. Еврои он соли аввали фаъолияти омӯзишгоҳ ихтисос дода мешавад.



Зикр гардид, ки давомнокии курсҳои омӯзишӣ дар ин омӯзишгоҳ 2 моҳ буда, дар муддати як сол чаҳор маротиба доир мегарданд. Дар ин ҷо ба шунавандагони курсҳо оид ба масоили мубориза бо терроризм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аслиҳаи ҳастаӣ, биологӣ, кимиёвӣ, силоҳи оддии оташфишон, харидуфурӯши одамон ва ғайра маълумоти муфассал пешниҳод хоҳад шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.