Дар ноҳияи Мӯъминобод барномаи курсҳои омӯзишии Бунёди Оғохон оид ба парвариши занбӯри асал ҷамъбаст шуд

            Кӯлоб. 27-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар дар ноҳияи Мӯъминобод барномаи курсҳои омӯзишии дусолаи Дафтари Бунёди Оғохон дар минтақаи Кӯлоб оид ба парвариши занбӯри асал ҷамъбаст шуд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ноҳияи Мӯъминобод иттилоъ доданд, дар маҷмӯъ 20 нафар курсҳои омӯзиширо хатм намуда, ба онҳо 80 оилаи занбӯри […]

Турко Дикаев



           

Кӯлоб. 27-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар дар ноҳияи Мӯъминобод барномаи курсҳои омӯзишии дусолаи Дафтари Бунёди Оғохон дар минтақаи Кӯлоб оид ба парвариши занбӯри асал ҷамъбаст шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ноҳияи Мӯъминобод иттилоъ доданд, дар маҷмӯъ 20 нафар курсҳои омӯзиширо хатм намуда, ба онҳо 80 оилаи занбӯри асал ва таҷҳизоти зарурии парвариши он тақдим гардид.




           

Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Дафтари Бунёди Оғохон дар минтақаи Кӯлоб изҳор дошт, ки барномаи мазкур ба ҷуз ноҳияи Мӯъминобод, дар ноҳияҳои Ховалинг ва Шӯрообод амалӣ гардида, дар зарфи ду сол дар ин ноҳияҳо 68 нафар курсҳои омӯзиширо хатм намудаанд. «Баҳри фаъолияти мустақилона хатмкардагони курсҳо бо 250 оилаи занбӯри асал таъмин карда шуданд», – афзуд манбаъ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.