Вазири маорифи ҶТ намояндагони созмонҳои мададрасони муқими кишварро бо комёбиҳои бахши маориф ошно сохт

Душанбе. 28-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни мулоқоти вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов бо намояндагони созмонҳои байнулмилалии мададрасони муқими Тоҷикистон масъалаи комёбиҳои ноилгардидаи бахши маориф дар ҳамкориҳои гуногунҷабҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи вазорат Ноилшо Миралиев иттилоъ дод, вазир ба меҳмонон дар бораи самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи маориф […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 28-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни мулоқоти вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов бо намояндагони созмонҳои байнулмилалии мададрасони муқими Тоҷикистон масъалаи комёбиҳои ноилгардидаи бахши маориф дар ҳамкориҳои гуногунҷабҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи вазорат Ноилшо Миралиев иттилоъ дод, вазир ба меҳмонон дар бораи самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи маориф маълумоти муфассал пешниҳод намуда, ба онҳо Барномаи давлатии рушди ин соҳа барои солҳои 2010-2015-ро муаррифӣ кард.



Ба қавли Н.Нуралиев, муовини сардори Раёсати сохтмони асосии вазорат ба ҳозирин оид ба ҳаҷми сармоягузорӣ ва саҳми созмонҳои мададрасон дар бахши сохтмони асосии ин соҳа гузориш пешниҳод кард. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба масоили тарзҳои нави дастрасӣ ба таҳсил дар макотиби олии маълумоти касбӣ ва таъсиси Маркази миллии санҷиш (тестикунонӣ) таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.