Вазъ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт мӯътадил гардид

spot_imgspot_img

Дата:



           

Душанбе. 29-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Шурӯъ аз нимаи дуввуми рӯз нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе бо реҷаи муқарраррӣ ба фаъолият пардохтанд. Дар ҳамаи нуқтаҳои мубодилаи асъори хусусӣ ва бонкӣ харидуфурӯши се асъори асосии хориҷӣ дар қаламрави кишвар – доллари ИМА, рубли русӣ ва евро бомаром идома дорад.





           

Ҳамин тавр, айни замон дар нуқтаҳои мубодилаи асъор арзиши харидуфурӯши 1 $ – мутаносибан 4,40 ва 4,42, евро – то 6,0 ва 6,5 сомонӣ ва 10 рубли русӣ – 1,40 ва 1,41 сомониро ташкил медиҳад.




           

Гузашта аз ин, дар қисматҳои серодами шаҳр миқдори зиёди корчаллонҳои алоҳида барои 1 $ аз 4,35 то 4,38 сомнӣ пешниҳод карда, барои фурӯши он 4,36-4,39 сомонӣ маблағ талаб мекунанд.




           

Қобили зикр аст, ки қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон айни замон каме аз нуқтаҳои мубодилаи асъор болотар аст. Тибқи маълумоти БМТ, айни замон қурби 1 доллари ИМА ба 4,4537 сомонӣ баробар аст. Дар ҳамин ҳол, қурби расмии рубли русиву евро дар БМТ нисбат ба нуқтаҳои мубодилаи асъор поинтар аст (10 рубли русӣ – 1,4726 ва 1 евро – 5,9761 сомонӣ).




           

Ёдрас мекунем, ки субҳи имрӯз нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахти ҷумҳурӣ аз баргузории амалиёт бо асъори хориҷӣ – ҳам харидуфурӯши доллари амрикову ҳам евро муваққатан худдорӣ карда буданд ва сабаби чунин вазъро дар ноустувории қурби асъори миллии кишвар нисбат ба доллари ИМА шарҳ дода буданд. Дар БМТ аз шарҳи вазъ худдорӣ намуда, изҳор дошта буданд, ки БМТ оид ба афзоиш ё коҳиши қурби асъори миллӣ ҳеҷ амалиётеро роҳандозӣ накардааст.




           

Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» чанде аз кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор коҳиши қурби долларро ба кам шудани талабот ба доллари ИМА нисбат доданд. «Бо барқарор шудани ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи заминӣ миёни Тоҷикистону Чин, соҳибкорони тоҷик акнун бештар сомониро на ба доллари ИМА, балки ба юани Чин иваз месозанд, зеро дар Чин бо ин асъор молу маҳсулот мехаранд», – гуфт корманди яке аз нуқтаҳои мубодилаи асъор дар маҳаллаи Гулистон Саид Ашӯров.




           

Ҳамчунин ақидаҳое мавҷуданд, ки гӯё ба бозори нақди асъори ҷумҳурӣ ҳаҷми зиёди доллари ИМА ворид гардида, боиси коҳиши қурби он шудааст.




Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...