Таҷлили ҷашни 10-умин солгарди таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовар

spot_imgspot_img

Дата:



           

Душанбе. 30-юми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» бахшида ба 10-умин солгарди таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ҷамъомади ботантана баргузор мешавад.





           

Дар ҷамъомад иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарони сохторҳои мубориза бо маводи мухаддири минтақаи Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Русияву Қазоқистон ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ дар назар аст. Дар фарҷоми ҷамъомад кормандони пешқадами агентӣ бо ифтихорномаву тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардида, сипас консерти усутодони санъати ҷумҳурӣ доир мегардад.




           

Ёдрас мекунем, ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон тибқи фармони сарвари давлат 1 июни соли 1999 дар асоси амалисозии протоколи баимзорасида миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ таъсис дода шуд. Шурӯъ аз оғози таъсис фаъолияти агентӣ қисман аз ҷониби СММ маблағгузорӣ карда мешавад.


Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...