Пагоҳ дар Душанбе як мактаб, манзили зисти 9-ошёна ва маркази хизматгузорӣ ба истифода дода мешаванд

Date:


Душанбе. 1-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар Душанбе бо иштироки намояндагони ҳукумат, мақомоти шаҳрдории пойтахт, соҳибкорони ватанӣ ва аҳли ҷомеа як қатор иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор мегиранд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, дар маҳаллаи Лучоб бинои мактаби нави таҳсилоти умумӣ барои 640 нафар хонанда, дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ манзили зисти 9-ошёна ва дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт Маркази замонавии хизматгузорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.




 

«Бинобар баргузории чорабиниҳои номбурда аз соати 7 то 10-и субҳ ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Мирзо Турсунзода то хати буриши кӯчаҳои Фотеҳ Ниёзӣ ва Шириншо Шотемур манъ мегардад», – афзуд Ш.Саидов


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...