Таҷлили ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон дар Тоҷикистон

            Душанбе. 1-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар тамоми гӯшаву канори қаламрави Тоҷикистон ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.             Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар Боғи кӯдакон барои тарбиятгирандагони кӯдакистону мактабҳо намоишоми театрикунонидашуда ва чорабиниҳои хайрия гузаронида мешавад. Имрӯз консерти дастаҳои ҳунарии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе барпо […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 1-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар тамоми гӯшаву канори қаламрави Тоҷикистон ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.





           

Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар Боғи кӯдакон барои тарбиятгирандагони кӯдакистону мактабҳо намоишоми театрикунонидашуда ва чорабиниҳои хайрия гузаронида мешавад. Имрӯз консерти дастаҳои ҳунарии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе барпо гардида, аз озмунҳои ба муносибати ҷашн доиргардида натиҷагирӣ карда мешавад.




           

Ин дақиқаҳо аз ҷониби Бунёди хайрияи «Сарпараст» барои зиёда аз 2,5 ҳазор нафар тарбиятгирандаи хона-интернатҳои кӯдакони пойтахт ва кӯдакони оилаҳои камбизоат чорабинии идона ва зиёфат баргузор шуда истодааст.




           

Муовини сарвари бунёд Диловар Қурбонов мегӯяд, имрӯз ҳамчунин хатнатӯйи 600 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат низ барпо мегардад.




           

Имрӯз ҳамчунин аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳкумати ҶТ барои тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои пойтахт чорабиниҳои идона ва зиёфатҳо ташкил мегарданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.