Табибони Кореяи Ҷанубӣ баҳри муолиҷаи ройгони беморон ба Суғд меоянд

           Хуҷанд. 5-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Табибони Кореяи Ҷанубӣ баҳри муолиҷаи ройгони беморон ба вилояти Суғд меоянд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази миссионерӣ иттилоъ доданд, ҳайати табибони кореягӣ аз 15 нафар иборат буда, онҳо бо худ ҳамчунин доруворӣ низ меоранд, ки он низ бепул тақсим карда хоҳад шуд.             Бино […]

Бахтиёр Валиев


           Хуҷанд. 5-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Табибони Кореяи Ҷанубӣ баҳри муолиҷаи ройгони беморон ба вилояти Суғд меоянд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази миссионерӣ иттилоъ доданд, ҳайати табибони кореягӣ аз 15 нафар иборат буда, онҳо бо худ ҳамчунин доруворӣ низ меоранд, ки он низ бепул тақсим карда хоҳад шуд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, табибон дар шаҳрҳои Хуҷанду Чкаловск ва Конибодом дар муддати як рӯз беморонро ташхис намуда, ба онҳо оид ба муолиҷаи бемориашон маслиҳату тавсияҳои судманд хоҳанд дод. «Табибони кореягӣ якчанд маротиба ба вилояти Суғд ташриф оварда, дар яке аз сафарҳо 53 ҷарроҳии чашм гузаронида буданд», – афзуданд дар маркази миссионерӣ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.