Дар Тоҷикистон иттиҳодияи ҷамъиятии тоторҳо таҳти унвони «Умед» ба қайд гирифта шуд

Date:


Душанбе. 8-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон иттиҳодияи ҷамъиятии тоторҳо таҳти унвони «Умед» ба қайд гирифта шуд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раиси иттиҳодия Ренат Сайфуддинов иттилоъ дод, тавсеъа ва таҳкими робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ҷамъиятӣ миёни Тоҷикистону Тотористон самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҷамъият маҳсуб мегарданд. «Дар иттиҳодия ба роҳандозии омӯзиши забони тоторӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи Р.Сайфуддинов, феълан дар тамоми шаҳрҳои Тотористон диаспораҳои тоҷикон мавҷуд буда, аъзои он дар муассисаҳои таълимии Тотористон таҳсил мекунанд, ки ин гувоҳи муносибати неку дӯстона миёни мардуми тоҷику тотор аст. «Дар ҳамдастӣ бо ҳукумати ҶТ, сафорати Русия дар Тоҷикистон ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки дар таҳкими дӯстии халқҳоямон саҳм гирифта, бо дигар марказҳои милливу фарҳангӣ робитаи зич барқарор созем», – афзуд раиси иттиҳодия.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...