Дар Тоҷикистон иттиҳодияи ҷамъиятии тоторҳо таҳти унвони «Умед» ба қайд гирифта шуд

Душанбе. 8-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон иттиҳодияи ҷамъиятии тоторҳо таҳти унвони «Умед» ба қайд гирифта шуд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раиси иттиҳодия Ренат Сайфуддинов иттилоъ дод, тавсеъа ва таҳкими робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ҷамъиятӣ миёни Тоҷикистону Тотористон самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҷамъият маҳсуб мегарданд. «Дар иттиҳодия ба роҳандозии омӯзиши забони тоторӣ, […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 8-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон иттиҳодияи ҷамъиятии тоторҳо таҳти унвони «Умед» ба қайд гирифта шуд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раиси иттиҳодия Ренат Сайфуддинов иттилоъ дод, тавсеъа ва таҳкими робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ҷамъиятӣ миёни Тоҷикистону Тотористон самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҷамъият маҳсуб мегарданд. «Дар иттиҳодия ба роҳандозии омӯзиши забони тоторӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи Р.Сайфуддинов, феълан дар тамоми шаҳрҳои Тотористон диаспораҳои тоҷикон мавҷуд буда, аъзои он дар муассисаҳои таълимии Тотористон таҳсил мекунанд, ки ин гувоҳи муносибати неку дӯстона миёни мардуми тоҷику тотор аст. «Дар ҳамдастӣ бо ҳукумати ҶТ, сафорати Русия дар Тоҷикистон ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки дар таҳкими дӯстии халқҳоямон саҳм гирифта, бо дигар марказҳои милливу фарҳангӣ робитаи зич барқарор созем», – афзуд раиси иттиҳодия.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.