Рӯзноманигорон ва шаҳрвандони хориҷӣ меҳмонони аввалини минтақаи нави сайру саёҳати Яғноб-Мастчоҳ мешаванд

            Хуҷанд. 10-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи моҳи июли соли ҷорӣ нахустин давраи шиносоӣ бо минтақаи нави сайру саёҳати Яғноб-Мастчоҳ баргузор мешавад.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» менеҷери лоиҳаи «Сайёҳӣ дар асоси хонаводаҳо дар водии Зарафшон» Пайрав Масаидов иттилоъ дод, рӯзноманигорон ва шаҳрвандони хориҷӣ меҳмонони аввалини минтақаи нави сайру саёҳати Яғноб-Мастчоҳ мешаванд. […]

Бахтиёр Валиев



           

Хуҷанд. 10-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи моҳи июли соли ҷорӣ нахустин давраи шиносоӣ бо минтақаи нави сайру саёҳати Яғноб-Мастчоҳ баргузор мешавад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» менеҷери лоиҳаи «Сайёҳӣ дар асоси хонаводаҳо дар водии Зарафшон» Пайрав Масаидов иттилоъ дод, рӯзноманигорон ва шаҳрвандони хориҷӣ меҳмонони аввалини минтақаи нави сайру саёҳати Яғноб-Мастчоҳ мешаванд. «Лоиҳа ба маблағи умумии 278 ҳазору 800 Евро ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Панҷакентро фаро гирифта, бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи сарчашмаҳои даромади сокинони маҳаллӣ ва барқарор сохтани бахши сайёҳӣ дар водии Зарафшон амалӣ мегардад», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи П.Масаидов, то охири соли 2008 дар мавзеҳои Искандаркӯл, Ҳафткӯл, кӯлҳои Алоуддин, Яғноб, Вешаб ва Лангар барои сайёҳон 16 хонаи қабули меҳмонон бунёд шуд. «Ба ҷуз бунёди зерсохтор, зимни татбиқи лоиҳа ҳамчунин асбобу лавозимоти кӯҳгардӣ низ харидорӣ шуда, бо роҳнамоён ва тарҷумонҳо як қатор тренингҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд», – афзуд ӯ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Афзоиши ҳаҷми савдо миёни Тоҷикистону Русия

Соли гузашта ҳаҷми гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Русия 2,4 миллион долларро ташкил медодааст. Давоми се моҳи аввали соли 2026 бошад ҳаҷми тиҷорат байни...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...