Ӯзбекистон Тоҷикистонро аз газ маҳрум карданист

Date:



           

Душанбе. 11-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сурати то 15-уми июн аз ҷониби Тоҷикистон пардохт нагардидани маблағи қарз барои истифодаи газ, ширкати «Узтрансгаз» интиқоли онро ба ҷумҳурӣ пурра қатъ карданист.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» иттилоъ доданд, ҷониби Ӯзбекистон дар ин хусус онҳоро борҳо огоҳ кардааст ва чанде қабл ба корхона аз ширкати «Узтрансгаз» барқияи телефонӣ расидааст, ки дар он гуфта шудааст, агар то 15-уми июн 17,5 млн. $ маблағи қарз пардохта нашавад, худи ҳамон рӯз воридоти газ қатъ мегардад. «Мо баҳри пардохти қарз маблағ надорем, зеро қарзи худи мо пардохта намешавад», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон ширкати «Барқи тоҷик» ба маблағи 10 млн. $, «корхонаи «Тоҷиксемент» – 2 млн. $ ва «Сомонсуғдгаз» низ 2 млн. $ аз корхонаи «Тоҷиктрансгаз» қарздор мебошанд.




           

Тибқи маълумоти ҶСК «Тоҷиктрансгаз», айни замон ҳаҷми воридоти гази Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ тақрибан 18 ҳазор метри мукааб дар як соатро ташкил медиҳад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...