Ӯзбекистон Тоҷикистонро аз газ маҳрум карданист

            Душанбе. 11-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сурати то 15-уми июн аз ҷониби Тоҷикистон пардохт нагардидани маблағи қарз барои истифодаи газ, ширкати «Узтрансгаз» интиқоли онро ба ҷумҳурӣ пурра қатъ карданист.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» иттилоъ доданд, ҷониби Ӯзбекистон дар ин хусус онҳоро борҳо огоҳ кардааст ва чанде қабл […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 11-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сурати то 15-уми июн аз ҷониби Тоҷикистон пардохт нагардидани маблағи қарз барои истифодаи газ, ширкати «Узтрансгаз» интиқоли онро ба ҷумҳурӣ пурра қатъ карданист.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» иттилоъ доданд, ҷониби Ӯзбекистон дар ин хусус онҳоро борҳо огоҳ кардааст ва чанде қабл ба корхона аз ширкати «Узтрансгаз» барқияи телефонӣ расидааст, ки дар он гуфта шудааст, агар то 15-уми июн 17,5 млн. $ маблағи қарз пардохта нашавад, худи ҳамон рӯз воридоти газ қатъ мегардад. «Мо баҳри пардохти қарз маблағ надорем, зеро қарзи худи мо пардохта намешавад», – гуфт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон ширкати «Барқи тоҷик» ба маблағи 10 млн. $, «корхонаи «Тоҷиксемент» – 2 млн. $ ва «Сомонсуғдгаз» низ 2 млн. $ аз корхонаи «Тоҷиктрансгаз» қарздор мебошанд.




           

Тибқи маълумоти ҶСК «Тоҷиктрансгаз», айни замон ҳаҷми воридоти гази Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ тақрибан 18 ҳазор метри мукааб дар як соатро ташкил медиҳад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.