Дар намоишномаи бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд ҳудуди 5 ҳазор нафар иштирок мекунанд

Date:



           

Душанбе. 11-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон бо иштироки мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд баргузор мешаванд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали вазири фарҳанги ҶТ Миралӣ Достиев иттилоъ дод, дар намоишномаи театрикунонидашуда ва дигар чорабиниҳо 5 ҳазор нафар сокинони вилоят ширкат меварзанд, ки имрӯзҳо ба ҷашн омодагӣ мегиранд.



Ба гуфтаи муовини аввали вазир, барои баргузории барномаи бузурги консертӣ аз марказ ба Хуҷанд танҳо ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ фиристода мешаванд. «Таҷҳизоти зарурии техникӣ барои баргузории консертро раёсати фарҳанги вилоят дар ихтиёр дорад», – гуфт ӯ.



Номбурда ёдовар шуд, бо супориши сарвари давлат соли оянда чорабиниҳои ҷашнии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ баргузор мешаванд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...