Дар намоишномаи бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд ҳудуди 5 ҳазор нафар иштирок мекунанд

            Душанбе. 11-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон бо иштироки мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд баргузор мешаванд.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали вазири фарҳанги ҶТ Миралӣ Достиев иттилоъ дод, дар намоишномаи театрикунонидашуда ва дигар чорабиниҳо 5 ҳазор нафар сокинони вилоят […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 11-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон бо иштироки мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд баргузор мешаванд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали вазири фарҳанги ҶТ Миралӣ Достиев иттилоъ дод, дар намоишномаи театрикунонидашуда ва дигар чорабиниҳо 5 ҳазор нафар сокинони вилоят ширкат меварзанд, ки имрӯзҳо ба ҷашн омодагӣ мегиранд.



Ба гуфтаи муовини аввали вазир, барои баргузории барномаи бузурги консертӣ аз марказ ба Хуҷанд танҳо ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ фиристода мешаванд. «Таҷҳизоти зарурии техникӣ барои баргузории консертро раёсати фарҳанги вилоят дар ихтиёр дорад», – гуфт ӯ.



Номбурда ёдовар шуд, бо супориши сарвари давлат соли оянда чорабиниҳои ҷашнии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ баргузор мешаванд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.