Аз обанбори Қайроққум баҳри таъмини заминҳои кишти кишварҳои ҳамсоя бо об шабонарӯзӣ 450 метри мукааб об масраф мегардад

Date:



           

Хуҷанд. 12-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Моҳи майи соли ҷорӣ дар нерӯгоҳи Қайроққум 51,2 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин моҳи соли гузашта 20,6 млн. кВт/соат зиёдтар мебошад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати шаҳри Қайроққум иттилоъ доданд, дар зарфи панҷ моҳи ҳамин сол дар нерӯгоҳ 236,3 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шудааст.




           

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон аз шаш агрегати нерӯгоҳ 4-тоаш фаъолият дошта, як агрегат таъмир мешавад ва як агрегати дигар баҳри эҳтиёт нигаҳдорӣ мегардад. «Мизони ҷоришавии об ба обанбор феълан ба 413 метри мукааб дар як сония баробар буда, хароҷоти он 450 метри мукааб дар як сония мебошад ва маҳз ҳамин 450 метри мукааб ҳам барои истеҳсоли нерӯи барқ ва ҳам барои таъмини заминҳои кишти чигит ва шолии кишварҳои ҳамсоя истифода бурда мешавад», – гуфт манбаъ.




           

Зикр гардид, ки сатҳи доимии об дар обанбор 347,5 метри мукаабро ташкил дода, феълан он дар сатҳи 347,74 метри мукааб нигоҳ дошта мешавад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...