Аз обанбори Қайроққум баҳри таъмини заминҳои кишти кишварҳои ҳамсоя бо об шабонарӯзӣ 450 метри мукааб об масраф мегардад

            Хуҷанд. 12-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Моҳи майи соли ҷорӣ дар нерӯгоҳи Қайроққум 51,2 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин моҳи соли гузашта 20,6 млн. кВт/соат зиёдтар мебошад.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати шаҳри Қайроққум иттилоъ доданд, дар зарфи панҷ моҳи […]

Мавлуда Рафиева



           

Хуҷанд. 12-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Моҳи майи соли ҷорӣ дар нерӯгоҳи Қайроққум 51,2 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин моҳи соли гузашта 20,6 млн. кВт/соат зиёдтар мебошад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати шаҳри Қайроққум иттилоъ доданд, дар зарфи панҷ моҳи ҳамин сол дар нерӯгоҳ 236,3 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шудааст.




           

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон аз шаш агрегати нерӯгоҳ 4-тоаш фаъолият дошта, як агрегат таъмир мешавад ва як агрегати дигар баҳри эҳтиёт нигаҳдорӣ мегардад. «Мизони ҷоришавии об ба обанбор феълан ба 413 метри мукааб дар як сония баробар буда, хароҷоти он 450 метри мукааб дар як сония мебошад ва маҳз ҳамин 450 метри мукааб ҳам барои истеҳсоли нерӯи барқ ва ҳам барои таъмини заминҳои кишти чигит ва шолии кишварҳои ҳамсоя истифода бурда мешавад», – гуфт манбаъ.




           

Зикр гардид, ки сатҳи доимии об дар обанбор 347,5 метри мукаабро ташкил дода, феълан он дар сатҳи 347,74 метри мукааб нигоҳ дошта мешавад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.