Раиси шаҳри Душанбе аз сокинони пойтахт даъват ба амал овард, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар мубориза бо кочоқи нашъа дастгирӣ н

Date:



           

Душанбе. 12-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, аз 1-уми июн то 30-юми ноябри соли ҷорӣ дар қаламрави пойтахт амалиёти махсуси «Кӯкнор-2009» гузаронида мешавад, ки мақсади он – ошкор ва нобуд сохтани ниҳолҳои дорои маводи мухаддир мебошад.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси пойтахти ҷумҳурӣ Шавкат Саидов иттилоъ дод, тибқи қарори мазкур, дар назди мақомоти шаҳрдорӣ ситоди махсус оид ба баргузории амалиёт ташкил гардида, нақшаи кории он тасдиқ карда мешавад. «Дар қарор аз ҳамаи сокинони пойтахт даъват ба амал оварда мешавад, ки дар кори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар қаламрави пойтахт ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидату кӯмаки худро дареғ надоранд», – афзуд Ш.Саидов.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...